Tajik

Ташкил намудани Гурӯҳи омӯзишии Китоби Муқаддас

Мо боварӣ дорем, ки Худованд мехоҳад, ки мо кӣ будан ва дар куҷо зиндагӣ кардан, фаъолият кардан ё якҷоягиамонро барои фаҳмиши абадият истифода барем. Барои шурӯъ намудан, ин се иқдомро бояд иҷро кард:

1. ДУО КУНЕД
... ҳама аз дуо ва муносибат шурӯъ мегардад.

ДУОКУНАНДА
● Ба номи дӯстатон, ки ба Шумо барои омӯзиши Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, дуо кунед.
● Ҳамроҳ мунтазам дуо кунед. Аз Худо панд ва роҳнамоӣ Ӯро дархост кунед.
● Дар вақти роҳгардӣ дуо кунед. Аз Худо баракат ва паноҳ талаб намоед.
● Барои ҳамаи одамон бо зикри номҳояшон дуо кунед. Аз Худо имкони дидор,
парасторӣ ва хизмати онҳоро талаб намоед. Ғамхорӣ дилҳоро мекушояд ва
муносибат барпо менамояд.
● Барои ҳидояти онҳо барои омӯзиши Китоби Муқаддас дуо кунед.

МУНОСИБАТҲО
● Бо шахсоне, ки бо Шумо зиндагӣ, кор мекунанд ва наздиконатон ҳастанд вохӯред. Накӯкорона ва илҳомбахшона рафтор кунед.
● Шахси сӯҳбаткушо бошед — саволҳо хуб диҳед ва ҳамсӯҳбататонро бодиққат гӯш кунед.
● Ҳамроҳ чой, қаҳва нӯшед, ва ё ҳамроҳ хӯрок хуред.
● Дар ҷустуҷӯи имконияти дӯст доштан, ҳадя кардан ва хизмат расонидан бошед.

2. ПАЙВАСТШАВӢ
... шахсонеро пайдо намоед, ки ҳавасманд ҳастанд.

НАҚШАИ ҶАМЪОМАДРО КАШЕД
● Таърихи рӯз, вақт ва маконро интихоб кунед.
● Рӯйхати шахсоне, ки омаданашонро интизор ҳастед, тартиб диҳед.
● Дуо кунед ва онҳоро даъват намоед.
● Агар хоҳед, пешниҳод намудани нушиданиҳо дар назар гиред.
● Барои ҷамъомад рӯйхати саволҳо тайёр кунед ё машғулияти «шиносоӣ» гузаронед.

ДАСТУРАМАЛИ ҶАМЪОМАД
● Дар ҳолати зарурӣ қаҳва, чой ва/ё хӯрок пешниҳод кунед.
● Ба ҳама хушомадед гӯед, худ ва дигаронро муаррифӣ кунед (савол ва ё
машғулиятро истифода баред) ва ба онҳо вақт барои шиносоӣ бо ҳамдигар ҷудо
намоед.
● Дар анҷоми вохӯрӣ сухане ба чунин монанд гӯед: «Мо ҳамроҳ вақти хубе доштем.
Ман мехоҳам муҳити мусоид ва ҷамъияти ғамхор бунёд намоям, то ки гурӯҳи мо дар он якҷоя Китоби Муқаддасро омӯзад, маънои гуфтаҳои онро барои худ кашф намоем ва бифаҳмем, ки он шахсан ба мо чӣ алоқамандӣ дорад. Мехостам фикри Шумоёнро бишнавам.»

3. РОҲБАРӢ
... акнун сар кунед.

● Дастурамали Омӯзишро дастрас карда, барои ҳар як аъзои гурӯҳ чоп кунед.
● Аз чаҳор маҷмӯъи Навиштаҷотҳои Муҳокимашавандаи Дастури Омӯзиш якеашро
интихоб кунед.
● Барои қайди ҷавобҳо ба саволҳои ҳаррӯза ба иштирокчиён дафтар лозим мешавад.

Агар ба тарҷумакунӣ кӯмак карда хоҳед ба мо мактуб равон кунед This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Омӯзиши Китоби Муқаддас дар тоҷикӣ

  • HYP (Tajik - Light)

    0.0/5 rating (0 votes)
    HYP (Tajik - Light)

    НУР: Зиндагии самбақаи баҳрӣ дар уқёнус бояд гузашт. Ҳангоми баровардани онҳо аз муҳити зисташон бо нурҳои сохта, онҳоро марг интизор хошам буд. Исо гуфт: "Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ намеравад, балки нури ҳаётро дорад" (Юҳанно 8:12). Ба чаҳор омӯзишҳои Нур, ки дар асосҳояшон ҳаёт, муносибатҳо, мӯҷизаҳо ва паёмҳои Исо мебошанд, мутаваҷҷеҳ шавед.

What is NBS2GO?

NBS2GO = Neighbor Bible Studies 2GO - nbs2go.com is simply the packaging of ideas, resources, and inspiration to equip believers to launch and multiply Bible study groups.


What's the big deal about a Bible study group?

Like a one-room schoolhouse, a Bible study group brings together a wide range of seekers and Christ-followers to study, discuss, and encourage one another toward life application of God’s Word. This blending of spiritual maturity levels creates a dynamic, life-transforming community. Friendships are formed, and group members are equipped to minister to others where they do life. Life transformation and multiplication!

NLT Scripture references on nbs2go.com and in publications, unless otherwise noted.

Contact Us

Please let us know your name.
Please let us know your email address.
Please choose one.
Please let us know your message.
By clicking "Send," you agree to receive emails from NBS2GO and agree to Cru's Terms of Use and Privacy Policy.
Invalid Input